Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар машварат оид ба ташаббуси СММ-80 изҳороти муштарак пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар машварат оид ба ташаббуси СММ-80 иштирок намуда, аз номи кишварҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дар мавриди дастгирии Ташаббуси СММ-80 изҳороти муштарак пешниҳод кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, Ҷонибек Ҳикмат ҳамкории созандаи кишварҳои минтақаро дар доираи ислоҳоти СММ-80 таъкид карда, аҳаммияти ин ташаббусро барои тақвияти нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳифзи сулҳу амният, рушди устувор, ҳамкории байналмилалӣ ва зарурати нигоҳ доштани ваколатҳои муассири минтақавӣ таъкид кард. Саҳми муассири дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тариқи Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда ва аҳамияти тақвияти нақши он дар раванди ин ислоҳот таъкид гардид.
Намояндаи доимии Тоҷикистон зимни изҳорот чор самти афзалиятнокро барои минтақа, аз ҷумла таъмини иштироки фарогир ва баррасии шаффофи ваколатҳо, такмил додани фаъолияти ҳайати кишварии Созмони Милали Муттаҳид ва низоми ҳамоҳангсозони кишварӣ, коҳиши сарбории ҳисоботдиҳӣ барои кишварҳои дорои иқтидори маҳдуд, инчунин тақвияти нақши Маҷмаи Умумӣ ҳамчун мақоми асосӣ дар раванди ислоҳот баён намуд.
Дар анҷом Ҷонибек Ҳикмат ҳамзамон омодагии кишварҳои Осиёи Марказиро барои идомаи ҳамкории фаъол бо ҳама шарикон ҷиҳати таъмини ислоҳоти мутавозин ва муассир дар доираи ташаббуси СММ-80 изҳор намуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид






