Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳию меҳанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ дар вазъияти сиёсии ҷаҳон таҳти унвони «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин ҳизб хабар доданд.
Зимни конференсия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки ҳувияти миллӣ танҳо воҳиди ном ва забони як мардум нест, балки маҷмуаи арзишҳои фарҳангӣ, анъанавӣ, таърихӣ ва маънавие мебошад, ки ба миллат ҳастӣ мебахшанд. Яке аз вазифаҳои асосии ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус дар кишварҳои дар ҳоли рушд, чун Тоҷикистон ҳифз ва тарғиби ҳамин арзишҳо аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар мамлакат дар тамоми давраи истиқлолият васеътарин фаъолиятро барои бозгашт ба решаҳои таърихӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва тақвияти унсурҳои ҳувияти миллии тоҷикӣ анҷом додааст.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Орзу Ҳамидиён изҳор дошт, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар намунаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо ташкилоти тараннумгари манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ, балки муҳофизи арзишҳои миллӣ ва таҳкимдиҳандаи амнияти давлатӣ мебошанд. Фаъолияти онҳо дар ин замина ба таври мустақим ба устуворӣ, пешрафт ва ободии мамлакат мусоидат менамояд. То он даме ки ин ҳизбҳо бо мардум зич пайванд буда, дар самти ҳифзи манфиатҳои миллию тақвияти давлатдории Тоҷикистон кор мекунанд, мамлакати мо дар роҳи рушду тараққӣ бо амният ва боварӣ ба оянда қадам мегузорад.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






