«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид

Декабрь 15, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Куллиёт»- и осори устод Мирзо Турсунзода, ки ба тозагӣ аз чоп баромад, рӯнамоӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, «Куллиёт» аз шаш ҷилд иборат буда, дар ҷилди якум шеърҳо, ҷилди дуюм достонҳо, ҷилди сеюм драма ва либреттоҳо, ҷилди чорум публитсистикаи тоҷикӣ, ҷилди панҷум публитсистикаи русӣ ва дар ҷилди шашум мактубҳои воридшуда ба номи устод Турсунзода гирдоварӣ шудаанд.

Зимни рӯнамоии китоб президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки устод Мирзо Турсунзода бо ашъори волои ватандӯстонаю инсонпарварона ва фаъолияти ҷамъиятию давлатӣ дар рушди адабиёт ва ҷомеаи замони худ нақши барҷаста гузоштааст.


Нашри «Куллиёт» дар пешрафти фарҳангию адабии ҷумҳуриамон саҳми арзишманд мегузорад. Ин маҷмуа мутолиа ва таҳқиқи мероси пурғановати адабӣ ва фикрии устодро осон гардонида, барои хонандагон, донишҷӯён, олимон ва муҳаққиқон манбаи боэътимод маҳсуб мешавад.

Дар ҷамъомад олимону муҳаққиқон, устодон ва коршиносон доир ба нақши устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти миллӣ, таърихи сиёсат ва ташаккули фарҳанги Тоҷикистон сухан гуфтанд. Ҳозирин ба натиҷаҳои азими илмӣ ва эҷодӣ, ки дар «Куллиёт» ҷамъбаст шудаанд, баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки маҷмуа барои наслҳои оянда манбаи илҳоми созанда хоҳад буд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 15, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад