Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва волейбол барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» ҷамъбаст шуданд

Декабрь 8, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр дар шаҳри Душанбе  маросими қадрдонӣ ва ҷамъбасти мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва волейбол барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаҳо бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди фарҳанги варзишӣ байни кормандони сохторҳои давлатӣ баргузор карда шуданд.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода  аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби кормандон ба фаъолияти ҷисмонӣ ёдовар гардид.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳо ғолибон ва ҷоизадорони ҳар намуди варзиш бо Ҷом, Диплом, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки ҳамасола баргузор намудани чунин мусобиқаҳо на танҳо аҳамияти варзишӣ, балки арзиши баланди тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дошта, ба ҷалби бештари кормандон ба варзиш, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва ташаккули муҳити солими корӣ мусоидат мекунад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад