Намояндаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 25 декабр дар Маркази таҳқиқоти муштарак оид ба бостоншиносии Роҳи Абрешими Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин машғулияти омодасозии мутахассисони бостоншиносии рақамӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар он директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Абдураҳмон Пӯлотов иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии бостонӣ хабар доданд, дар машварати омӯзишӣ иштирокчиён бо пешрафтатарин технологияҳои рақамӣ дар соҳаи бостоншиносӣ, аз ҷумла фотограмметрия, моделсозии сеандоза (3D), сканеркунии лазерӣ, коркарди маълумоти рақамӣ ва усулҳои муосири ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ шинос шуданд.
Дар татбиқи барномаи омӯзишӣ ташкилот ва ширкатҳои махсуси технологӣ низ фаъолона саҳм гузошта, таҷҳизоти муосир, роҳҳои амалӣ дар соҳаи харитасозии рақамӣ, сканеркунии сеандоза, моделсозии фазоӣ ва коркарди маълумоти геомасофавиро муаррифӣ намуданд. Ин ҳамкории илмӣ-технологӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки дар заминаи таҷрибаи амалӣ донишҳои назариявиро мустақиман азхуд намоянд.
Зимни машварат намояндагон ва бостоншиносони ҷавон аз давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар фазои ҳамкории касбӣ ба табодули таҷриба ва донишҳои илмӣ пардохтанд.
Иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ қадами муҳим дар самти ворид намудани технологияҳои муосири рақамӣ ба соҳаи бостоншиносӣ арзёбӣ шуда, барои рушди ҳамкории илмӣ-фарҳангӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






