Намояндаи Тоҷикистон бо котиби иҷроияи Созмони паймони манъи ҳамагонии озмоиши силоҳи ҳаставӣ мулоқот намуд

Декабрь 20, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони паймони манъи ҳамагонии озмоиши силоҳи ҳаставӣ Манучеҳр Ҷобир бо котиби иҷроияи Созмон Роберт Флойд баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, зимни вохӯрӣ намояндаи доимии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир ба котиби иҷроияи он созмон Роберт Флойд эътимоднома супорид.

Сипас, ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва назди Созмони паймони манъи ҳамагонии озмоиши силоҳи ҳаставӣ ибрози назар карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия

Декабрь 20, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд