Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд

Декабрь 3, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар Ҷумҳурии Филиппин Форуми 11-уми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф баргузор шуд, ки дар он раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Дар форум Фарҳод Раҳимӣ ба масъалаҳои муҳими таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳ  намуда, аз ҷумла тартиби таҳияи лоиҳаҳо, баррасӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилот, тарҳрезии самтҳои афзалиятнок, вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин ҷанбаҳои маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки Осиёии Рушдро тавзеҳ дод.

2 декабр дар доираи форум мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ бо директори калони Департаменти рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии рушд хонум Аяко Инагаки баргузор шуд. Ҷонибҳо лоиҳаҳои марбут ба рушди таҳсилоти техникию касбӣ, аз ҷумла масъалаҳои таъмири муассисаҳои таълимӣ, муҷаҳҳазсозии онҳо бо таҷҳизоти муосир ва ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар раванди таълимро мавриди муҳокима қарор доданд.

Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ин зинаи таҳсилот на танҳо пояи асосии омодасозии мутахассисони сатҳи коргарӣ мебошад, балки омили бунёдии рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ дар мамлакат аст.

Ҳамсуҳбатон  бо таъкиди зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои соҳибкасби техникӣ изҳор доштанд, ки татбиқи муштараки лоиҳаҳои пешниҳодшуда барои болоравии сатҳи омӯзиш ва эҳё шудани шабакаи муассисаҳои касбӣ аҳамияти хосса дорад.

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади рушди соҳа ба Бонки Осиёии рушд се лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ ва таълимӣ пешниҳод намудааст.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд