НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад

Декабрь 7, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Норасоии неруи барқ имрӯз мушкилоти як ва ё якчанд давлати алоҳида набуда, ба проблемаи сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин мушкилот на танҳо дар мамлакатҳои олами сеюм, ҳатто дар давлатҳои зиёди пешрафта низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, тибқи омори охирин, дар ин самт шуруъ аз соли 2023 чунин мамлакатҳо дар даҳгонаи пеши давлатҳое қарор доранд, ки дар онҳо норасоии барқ мушоҳида мешавад:

  1. Чин (норасоӣ — 32,6 млн. квт.).
  2. Ҷопон (- 14,5 млн. квт.).
  3. Ҳиндустон (-14,3 млн. квт.).
  4. Кореяи Ҷанубӣ (- 9,8 млн. квт.).
  5. Олмон (- 7,6 млн. квт.).
  6. Италия (- 4,4 млн. квт.).
  7. Туркия (- 4,4 млн. квт.).
  8. Фаронса (- 4,2 млн. квт.).
  9. Испания (- 3,4 млн. квт.).
  10. Таиланд (- 2,9 млн. квт.).

Ҳамзамон ба қатори дигар давлатҳое, ки аз неруи барқ вобастаанд, Нидерландия (норасоӣ — 2,4 млн. квт.), Ветнам (норасоӣ — 2 млн. квт.), Белгия (норасоӣ — 1,9 млн. квт.) ва Полшаро бо норасоии 1,9 млн. квт. ворид намудаанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар қитъаҳои гуногуни олам давлатҳое низ ҳастанд, ки мутаассифона, давлатҳои камтаъмин бо барқ ҳисобида шуда, фоизи хеле ками аҳолии онҳо ба ин неру дастрасӣ дорад. Ба ин мамлакатҳо Судони Ҷанубӣ (8,4 фоизи аҳолӣ бо барқ таъмин аст), Бурунди (10,3 фоизи аҳолӣ), Чад (11,7 фоизи аҳолӣ), Малави (14 фоизи аҳолӣ), Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (15,7 фоизи аҳолӣ), Ҷумҳурии Демократии Конго (21,5 фоизи аҳолӣ), Сйерра-Леоне (29,4 фоизи аҳолӣ) ва ғайра дохиланд.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ низ норасоии неруи барқ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфтааст. Барои мисол метавон таъкид намуд, ки аз соли 2022 инҷониб масъалаи норасоии неруи барқ дар Ҷумҳурии Қазоқистон торафт зиёдтар мешавад. Дар ин давра норасоии неруи барқ дар ин ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ, май, июн, июл, август, сентябр, ноябр ва декабр ба қайд гирифта шуда, дар маҷмуъ, тибқи маълумоти мавҷуда истеҳсоли неруи барқ 112,86 миллиард квт-соатро ташкил додааст, ки нисбат ба солҳои гузашта тахминан 1,5 фоиз камтар аст.

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар фасли зимистон барои кам кардани истеъмол барқро қатъ мекунанд, зеро дар ҷумҳурӣ иқтидори зарурӣ барои истеҳсоли миқдори зарурии барқ ҳоло вуҷуд надорад. Барои гузаштан аз давраи тирамоҳу зимистон ба Қирғизистон тахминан 16,5 миллиард квт-соат неруи барқ зарур аст, ки ин мамлакат танҳо тақрибан 13,4 миллиард кВт-соати онро истеҳсол карда метавонад.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Узбекистон низ вазъ ба ҳамин монанд аст: сатҳи норасоии неруи барқ дар ҷумҳурӣ қариб ҳамарӯза зарурати барои чанд соат қатъ намудани интиқоли барқро ба вуҷуд меорад. Дар ин мамлакати ҳамсоя норасоии неруи барқ тахминан дар ҳаҷми истеъмоли ҳаррӯзаи 1820 миллион квт-соат мушоҳида мешавад.

Тавре ки аз таҳлили омори мавҷуда аз манбаъҳои кушодаю дастрас бармеояд, норасоии неруи барқ имрӯз ба мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки сабаби асосии он табиӣ — тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад. Вале эътимоди комил дорем, ки инсоният имрӯз ба пешрафтатарин дастовардҳои илм дар соҳаи энергетика мусаллаҳ буда, қобил аст, ки дастҷамъона барои ҳифзи табиат мубориза бурда, омилҳои норасоии ҳама гуна навъҳои неруро аз байн барад.

Дар Тоҷикистон низ бо болоравии сатҳи маърифати аҳолӣ дар истифодаи барқ ва бунёди комили Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар асоси технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ сохта шуда истодааст, ин мушкилӣ солҳои наздиктарин ҳалли ниҳоии худро пайдо мекунад.

Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар