Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд

Декабрь 20, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вохӯрии техникӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин вазорат.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ҷаласа фароҳам овардани заминаи муколамаи касбӣ ва созанда байни мақомоти марказӣ, намояндагони минтақаҳо ва шарикони рушд барои муайян намудани қадамҳои минбаъдаи ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ барои гузариш ба механизмҳои самаранок, шаффоф ва ба натиҷа нигаронидаи маблағгузории соҳа тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин раванд таҷрибаи минтақаҳои таҷрибавӣ аҳамияти махсус дошта, имконият медиҳад, то натиҷаҳои воқеӣ, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои такмили минбаъда муайян карда шаванд.

Дар вохӯрӣ инчунин  доир ба таҷрибаи ислоҳоти механизми нави маблағгузории тандурустӣ дар вилояти Суғд ва масъалаи харидҳои стратегӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон: моделҳои институтсионалӣ ва имконияти фискалӣ маълумот пешниҳод гардид.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд