Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари Паёми Президент: аз сиёсат то амал» ҳамоиши илмӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, иштирокдорон оид ба самтҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои илму маориф, тайғирёбии иқлим, тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки Президенти Тоҷикистон махсусан масъалаи омӯзиши пиряхҳоро яке аз самтҳои муҳими илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатӣ номиданд. Ин аст, ки соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардиданд.
Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои муҳим ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ асос гузошта, олимони ҷавон ба азхуд намудани илму технологияи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва навиштани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ даъват карда шуданд.
Иброз гардид, ки минбаъд ба ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва донишу навоварӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Махсусан ҷавонон дар ин самт бояд қадамҳои устувор гузошта, бо омӯхтани нозукиҳои технологияи навин барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа талош намоянд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






