Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?

Декабрь 6, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Замона ҳамеша дар ҳоли рушд аст. Ҳар падидаю имконияте, ки пайдо мешавад, баи беҳтар кардани сатҳу сифати фаъолият ва зиндагии мардум равона гардидааст. Имрӯз пайдо кардани роҳҳои наву муассири энергия, ки қисми асосии рушди иқтисодию иҷтимоии ҳар кишвар гардидааст, дар мадди аввали фаъолияти давлату ҳукумат қарор дорад.

— Аслан энергия мафҳуми васеътар аст, ки шаклҳои гуногуни онро дар бар мегирад. Қувваи барқ шакли муҳими энергия буда, заминаи зиндагии муосир ва рушди пешрафтаро фароҳам меорад.

Тавре маълум аст, бо фаро расидани фасли тирамоҳ ва зимистон мушкилии таъминот бо неруи барқ дар мамлакат ба мушоҳида мерасад, ки сабабҳои зиёд дорад. Зиёд шудани шумораи аҳолӣ, истифодаи васеи таҷҳизоти барқӣ, зиёд гардидани биноҳои баландошёна дар шаҳрҳо, хусусан шаҳри Душанбе ва атрофи он, инчунин ба фаъолият пардохтани корхонаҳои зиёд дар саросари мамлакат, кам будани боришу таъсири табиат ва монанди инҳо чандин омилҳои дигар боиси ба миён омадани мушкилоти барқ мегарданд.

Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан сохтани неругоҳҳои хурду калон ва таҷдиду навсозии онҳо ин мушкилӣ то ҳол пурра ҳал нашудааст. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани тадбирҳои оқилонаю сарвақтӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли равон супориш доданд, ки масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи онҳо бо шабакаҳои барқии мамлакат мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ҳамчунин фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб гардад.

Пешвои миллат бисёр сиёсатмадори дурандешу хирадманд мебошанд, ки ҳама паҳлуҳои ҳаётро ба инобат гирифта, чунин ибтикороти наҷибро пешниҳод кардаанд. Дар шароите, ки хушксолӣ дар дунё таҳдид дорад ва пиряхҳо, ки манбаи асосии об мебошанду рӯз ба рӯз талаф меёбанд, обхезиҳо баъзе кишварҳои дунёро фаро гирифта, ҷангалу бешазори зиёди дунё сӯхта нобуд мешавад- ин ҳама аз таъсири инсоният ба табиат мебошад.

Панелҳои офтобӣ газҳои гулхонаӣ (CO₂, CH₄) хориҷ намекунанд. Бо истифодаи онҳо ҷаҳон метавонад таъсири тағйироти иқлимро коҳиш диҳад. Яке аз сабабҳои гармшавии глобалӣ хушксолӣ ва чунин газҳо мебошанд.

Панелҳои офтобӣ (панелҳои фотоэлектрикӣ) дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи нури офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд. Онҳо яке аз манбаъҳои муҳими энергияи “сабз” ва таҷдидшаванда ба ҳисоб мераванд.

Панелҳои офтобӣ аз инвертор (тағйирдиҳандаи ҷараёни барқ), контроллер (танзимгари барқ) ва аккумулятор (таҷҳизоти захираи барқ) иборатанд. Панелҳо нақши қабул ва манбаи неруро иҷро мекунанд. Онҳо равшании офтобро қабулу коркард карда, онро ба ҷараёни барқ табдил медиҳанд, ки дар идома он тавассути контроллер ба батареяҳои аккумулятор дода мешавад. Барқи дар панел ҳосилшуда дар аккумулятор захира карда мешавад. Сатҳи ҷараёни барқ бо дастгоҳи махсус назорат карда мешавад: агар ҷараён хурд (паст) бошад, контроллер панелро ба кор меорад ва агар баланд бошад, онро аз кор бозмедорад.

Панелҳои офтобӣ аслан технологияи ояндаанд. Онҳо на танҳо манбаи неруи тоза ҳастанд, балки роҳи сарфакорӣ, мустақилияти энергетикӣ ва ҳифзи табиатро таъмин мекунанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мамлакати офтобӣ аст, истифодаи онҳо имконияти воқеии тараққиёт мебошад.

Дар Тоҷикистон дар як сол тақрибан аз 2800 то 3000 соат нурдиҳии Офтоб вуҷуд дорад. Ин маънои онро дорад, ки рӯзҳои офтобӣ дар мамлакат зиёда аз 230 рӯз мешаванд (агар ба ҳисоби миёна ҳар рӯз тақрибан 7-8 соат офтобӣ бошад).

Бо вуҷуди ин, шумораи дақиқи рӯзҳои пурра офтобӣ (яъне бе абр ё борон) ба минтақа ва фасл вобаста аст. Масалан:

— дар водиҳои ҷанубӣ ва марказӣ, ба монанди Хатлон ва Душанбе рӯзҳои офтобӣ бештар (тақрибан 280-300 рӯз дар сол).

— дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ, ба монанди Бадахшон, рӯзҳои офтобӣ камтар мешаванд (қисман абрӣ ва боронӣ).

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки Тоҷикистон мамлакати дорои иқлими офтобӣ буда, барои истифодаи энергияи офтобӣ имконияти васеъ дорад.

Ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аҳамияти хосса додан ба энергияи офтобӣ як сол қабл, аниқтараш дар ҷаласаи Шурои миллии рушд, ки 10 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, таъкид намуданд, ки «истифодаи васеи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, неруи офтобӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот ва кӯҳистон ба дастрасии пурраи аҳолӣ ба неруи барқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи муҳити зист, инчунин ба роҳ мондани технологияҳои муосири «сабз» ва ташкили истеҳсолоти илмталаб мусоидат менамояд». Ҳамчунин таъкид намуданд, ки «васеъ намудани миқёси насби панелҳои офтобӣ дар иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус дар деҳот ва ба роҳ мондани технологияҳои офтобӣ дар шабакаҳои гармидиҳӣ низ муҳим мебошад».

Панелҳои офтобӣ технологияи муосир ва ҷавоби дуруст ба ниёзҳои энергетикӣ, экология ва иқтисодиёти асри XXI мебошанд. Онҳо барои ҳар давлат, хонавода ва ҳатто шахси алоҳида имкони зиндагии устувор, мустақил ва тоза фароҳам меоранд.

Панелҳои офтобӣ партов ва садои зиёд надоранд, бинобар ин муҳити зистро ифлос намекунанд. Онҳо барои ҳайвоноту наботот хатар надошта, бо табиат ҳамоҳанг кор мекунанд.

Баръакси сӯхтани ангишт ё газ панелҳои офтобӣ ҳангоми кор ягон моддаи ифлоскунанда ба ҳаво хориҷ намекунанд. Барои деҳаҳо ва маҳаллаҳое, ки ба шабакаи барқ пайваст нестанд, панелҳои офтобӣ роҳи беҳтарини дастрасӣ ба барқ мебошанд. Онҳо метавонанд 20-30 сол кор кунанд ва ба нигоҳубини зиёд ниёз надоранд.

Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, мувофиқи нишондиҳандаи Global Solar Atlas (PVOUT) — миқдори миёнаи тавлиди барқи солона аз насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1400 — 1600 кВт-соат мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт дар Тоҷикистон дар як сол 1400-1600 кВт-соат энергия гирифтан мумкин аст. Нишондиҳандаи мазкур дар Олмон 700-1100 кВт-соат мебошад. Ин исбот менамояд, ки манбаъҳои энергияи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебошанд.

Панелҳои офтобӣ на танҳо манбаи барқ, балки рамзи рушди устувор, зиндагии сабз ва ояндаи тоза мебошанд. Тоҷикистон бо доштани рӯзҳои зиёди офтобӣ дар сол бояд бештар ба ин манбаи муҳими энергия рӯ орад.

Истифодаи васеи панелҳои офтобӣ ба кишварҳо кумак мекунад, ки аз захираҳои беруна камтар вобаста бошанд. Дар ҳолати офатҳои табиӣ (зилзила, сел, боронҳои шадид), вақте барқи марказӣ қатъ мешавад, панелҳои офтобӣ метавонанд ҳаётбахш бошанд.

Техникаю технология ҳамеша дар ҳоли рушд қарор доранд. Олимон ва муҳандисони дунё ҳар сол панелҳои камхарҷтар, самара­ноктар ва сабуктар пешниҳод менамоянд. Панелҳои нави шишагин, чандир ва ҳатто ранга сохта мешаванд, ки метавонанд ба зебоии меъморӣ низ кумак кунанд. Имрӯз, ки раванди сохтмони биноҳои баландоёшнаи истиқоматию маишӣ дар ҳоли рушд аст, панелҳоро метавон ба зебоии бино мутобиқу мувофиқ сохта, ба тарҳи муосиру замонавӣ оро дод.

Панелҳои офтобӣ на танҳо воситаи сарфаи барқ, балки роҳи зиндагии оқилона, муҳити тоза ва рушди устувори ҷомеа мебошанд. Дар шароити Тоҷикистон — мамлакате бо захираи бузурги нури Офтоб онҳо бояд ҷузъи муҳими сиёсати энергетикӣ ва экологии миллӣ шаванд.

Хушбахтона, имрӯз аз панелҳои офтобӣ дар мамлакат истифода мешаванд. Дар бисёр деҳаҳои кӯҳистон ва мактабҳои дурдаст панелҳои офтобӣ насб карда шудаанд. Ҳамчунин баъзе беморхонаҳо ва марказҳои кӯдакона низ бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ аз ин навъи энергия истифода мебаранд.

Дар айни замон таҷҳизоти низоми офтобӣ, аз ҷумла панелҳои офтобӣ, инверторҳо, аккумуляторҳо ва ноқилҳо дар давлатҳои Чин, Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Ҷопон ва ғайра истеҳсол карда мешаванд. Ин гуна таҷҳизот аз тамоми давлатҳо вобаста ба талаботи харидорон дастрас карда мешаванд, вале миқдори зиёди воридоти он ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Тоҷикистон низ метавонад бо роҳандозӣ ва танзими панелҳои офтобӣ дар мамлакат ва бо истифода аз иқлим ба яке аз давлатҳои дорандаи энергияи «сабз» табдил ёбад.

Исломиддин РАҲМОН,
директори Агентии «Тоҷикстандарт»

Декабрь 6, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР. Андешаҳои вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба таъсиси ҳизб
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
Бо масъулони соҳаи молия ва андоз дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор шуд
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои афзалиятнок рушд меёбад