Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд

Декабрь 9, 2025 09:38

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф бо саҳми сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида буд.

Муассисаи нави соҳаи маориф имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад. 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳанд гузошт. Муассиса дорои компютерҳои пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет аст.

Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари муассиса аст, ки барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обутоб ёфтани хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудааст ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.

Аз ин хотир ба сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос карда, омӯзгоронро ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода 09.12.2025

Декабрь 9, 2025 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд