Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд

Декабрь 3, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави дуошёна дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе  дар масоҳати 0,17 гектар замин қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот аввали соли равон оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ анҷом ёфтааст. Дар бинои нави Мактаби бачагонаи мусиқӣ шароити муосир фароҳам буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ, сурудҳои академиву фалак ва ғайра иборат аст.

Ҳамчунин, барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳо дар ин ҷо толори барҳаво бо 42 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир шудааст.

Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, хонандагон имкон доранд дар бинои нав, ки дорои шароити муосир аст, ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ машғул шаванд.

Ҳоло дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” 130 хонанда ҳунари рақс, навозиши асбобҳои халқиву ҷаҳонӣ ва сарояндагиро меомӯзанд. Ба онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла санъаткорони варзидаву собиқадор таълим медиҳанд.

Дар баробари навсозӣ, инчунин муассиса бо номгӯи зиёди созҳои мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано ва рояли хурди электронӣ, кларнет, флейта, гитара, ғижжак ва асбобҳои зарбӣ таъмин шуд.

Лозим ба зикр аст, ки хонандагони мактаби мусиқӣ дар озмунҳои ҷумҳуривӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва озмунҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар, аз қабили давлатҳои Олмон, Швейтсария, Туркия ва Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар бинои нави мактаби мусиқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону хонандагонро бо ин туҳфаи арзанда табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо нақши фарҳанг беш аз пеш барои муаррифии давлату миллат меафзояд. Аз ин рӯ, аз омӯзгорон даъват карда шуд, ки ба тарбияи мутахассисони шоистаи санъату ҳунар ҷаҳду талош намоянд.

Имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маҷмуъ дар пойтахт 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид.

Сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар дар шаҳри Душанбе барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 8650 ҷойи нишаст дар  ду баст  ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст.

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” дар ноҳияи Сино 03.12.2025

Декабрь 3, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид