Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд

Декабрь 25, 2025 12:15

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ се иншооти соҳаи маориф, як корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант, инчунин хобгоҳи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №60-ро бо 450 ҷойи хоб дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хусрав сохтмон бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Суннатулло Гадоев дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки раванди истеҳсол пурра бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 60 ҳазор дона хиштро ташкил медиҳад ва ҳаҷми солонаи истеҳсолот ба зиёда аз 22 миллион дона мерасад. Ҳоло ҳол дар корхона 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва 20 каси дигар ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардидаанд.

Дар назар аст, ки то ҷашни байналмилалии Наврӯз марҳилаи дуюми корхона ба истифода дода шуда, истеҳсоли хишти сабук (газоблок) ба роҳ монда шавад. Бо татбиқи ин марҳила барои боз 20 каси дигар ҷойи кор таъсис меёбад.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии таълимӣ барои 600 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дар деҳаи Ганҷинаи ноҳияи Хуросон бо 480 ҷойи нишаст дар ду баст ва бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Кушониён бо 480 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуданд.

Хобгоҳи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №60 бо 450 ҷойи хоб дар ноҳияи Вахш баъд аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз ду бинои сеошёна иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ барои истиқомати хонандагон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бо мавриди истифода қарор додани ин иншооти иҷтимоӣ имкон фароҳам омад, ки хонандагони аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар бо ҷойи хоби замонавӣ ва шароити муносиб таъмин шаванд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи биноҳои нави соҳаи маорифро қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосири таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълим ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба таври фосилавӣ ба истифода додани як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатӣ 25.12.2025

Декабрь 25, 2025 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон