Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ се иншооти соҳаи маориф, як корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант, инчунин хобгоҳи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №60-ро бо 450 ҷойи хоб дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хусрав сохтмон бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Суннатулло Гадоев дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки раванди истеҳсол пурра бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 60 ҳазор дона хиштро ташкил медиҳад ва ҳаҷми солонаи истеҳсолот ба зиёда аз 22 миллион дона мерасад. Ҳоло ҳол дар корхона 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва 20 каси дигар ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардидаанд.
Дар назар аст, ки то ҷашни байналмилалии Наврӯз марҳилаи дуюми корхона ба истифода дода шуда, истеҳсоли хишти сабук (газоблок) ба роҳ монда шавад. Бо татбиқи ин марҳила барои боз 20 каси дигар ҷойи кор таъсис меёбад.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии таълимӣ барои 600 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дар деҳаи Ганҷинаи ноҳияи Хуросон бо 480 ҷойи нишаст дар ду баст ва бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Кушониён бо 480 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуданд.
Хобгоҳи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №60 бо 450 ҷойи хоб дар ноҳияи Вахш баъд аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз ду бинои сеошёна иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ барои истиқомати хонандагон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бо мавриди истифода қарор додани ин иншооти иҷтимоӣ имкон фароҳам омад, ки хонандагони аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар бо ҷойи хоби замонавӣ ва шароити муносиб таъмин шаванд.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи биноҳои нави соҳаи маорифро қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосири таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълим ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид






