Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Декабрь 22, 2025 20:19

ДУШАНБЕ, 22.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 декабри соли 2025, дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

Зарурати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таъкид гардид.

Сарони давлатҳо куштори бераҳмонаи шаҳрванди 10-солаи Тоҷикистон Қобилҷон Алиевро шадидан маҳкум карда, зарурати тафтишоти беғаразонаи ин ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид карданд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздикону пайвандони Қобилҷон Алиеви фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, таъкид дошт, ки чунин амалкардҳои террористӣ, бахусус нисбати кӯдакон аз доираи фаҳмиши инсонӣ берун аст.

Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба мақомоти дахлдори ҳарду ҷониб дастур диҳанд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо чунин амалҳои зӯроваронаро тақвият диҳанд ва дар ин самт чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 22.12.2025Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 22.12.2025

Декабрь 22, 2025 20:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд