Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ҷамъбаст гардид

Декабрь 25, 2025 13:39

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласа ҷамъбасти натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   дар соли 2025 буд.

Бахтовар Сафарзода иброз дошт, ки раёсати Тоҷикистон мувофиқи санадҳои оинномавӣ ва барномавии Иттиҳод ва дар асоси Консепсия ва нақшаи чорабиниҳо, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда шуд.

Сафир таъкид намуд, ки дар давраи раёсат ҷаласаҳои мақомоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла нишасти Шурои сарони давлатҳо дар Душанбе, ҷаласаҳои Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   баргузор шуданд. Давоми сол инчунин 14 ҷаласаи Шурои намояндагони ваколатдори доимӣ ва шумораи зиёди ҷаласаҳои мақомоти ҳамкории соҳавӣ доир гардид.

Дар соҳаи иқтисод натиҷаҳои муҳимми назаррас ба даст омаданд: дар рушди соҳаҳои саноат, энергетика ва нақлиёт ташаббусҳои калидӣ татбиқ ёфта, қарорҳое, ки ба тақвияти ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунанд, қабул гардиданд.

Ба масоили амният, экология ва рушди устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар робита ба он барномаҳо ва консепсияҳо дар соҳаи ҳамкории низомӣ ва сарҳадӣ қабул ва дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир шуд.

Ҳамкории гуманитарӣ дар самтҳои гуногун – фарҳанг, илм, маориф, сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолона пешбарӣ гардид.

Дар ҷамъбасти натиҷаҳо Сафир таъкид намуд, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи кори муштарак ва ҳамоҳангшудаи давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   буда, ба таҳкими эътимод ва ҳамкории амалӣ мусоидат намуд ва барои рушди минбаъдаи равандҳои интегратсионӣ дар минтақа заминаи устувор гузошт.

Аз натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   дар соли 2025 бюллетени иттилоотӣ омода ва нашр шуд, ки чорабиниҳо ва дастовардҳои асосиро дар доираи раёсат фаро мегирад.

Зимни ҷаласа ҳамзамон натиҷаҳои фаъолияти Шуро дар соли 2025, пешниҳодҳо барои нақшаи корӣ дар соли 2026 ва масъалаҳои дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Декабрь 25, 2025 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид