Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд

Декабрь 1, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Шурои мураббиён баргузор гардид, ки зимни он сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияташон дар соли 2025  гузориш пешниҳод карданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ҳисоботи мураббиёни тимҳои миллии гуногун шунида шуд. Сармураббии дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон Марко Раҷини дар бораи омодагии даста ба Ҷоми ҷаҳон-2025 муфассал сухан гуфта, сабабҳои баромади номуваффақро дар мусобиқаи Қатар таҳлил намуд.

Сипас, сармураббии дастаи мунтахаби футзал Пайрав Воҳидов ҳисоботи фаъолияти худро пешкаш намуда, нақшаи омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, муайян кард.

Сармураббии дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов натиҷаи бозиҳои дӯстонаи охирро шарҳ дода, дар бораи омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи май дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, сухан гуфт.

Дар анҷом иштирокчиён нақшаҳои рушди ояндаи дастаҳои миллии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Декабрь 1, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад