Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Москва дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология иштирок намуд

Декабрь 12, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология иштирок намуд.

Дар ҷараёни конфронс ба роҳбарони ҳайатҳои расмӣ лоиҳаҳои ниҳоӣ ва коркардҳои технологӣ  дар самтҳои биотехнология, ташхиси саноатӣ ва бехатарии экологӣ аз ҷониби олимони ҷавон муаррифӣ гардиданд.

Лоиҳаҳои мазкур, аз ҷумла ба эҷоди системаи тозакунии газу моеъ барои таъмини бехатарии экологӣ ва самаранокии энергия, таҳияи системаҳои автоматии ҷудокунии партовҳои радиоактивӣ, ҳифзи растаниҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди инфрасохтор барои гузаронидани тадқиқоти илмии пешрафта ва густариши ҳамкории илмии байналмилалӣ равона шудаанд.

Сарвазири кишвари мо дар бораи лоиҳаҳои пешниҳодшуда ибрози назар карда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба талоши кишварҳо барои эҷоди фазои ягонаи илмӣ ва технологӣ баҳои баланд медиҳад.

— Имрӯз лоиҳаҳоеро дидем, ки амалишавиии онҳо метавонад мушкилоти воқеии кишварҳоямонро бартараф созад, — гуфт Қоҳир Расулзода.

Бояд таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории Конфронс рушди ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои илм ва технология, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва мусоидат ба рушди оянда дар минтақаи Авруосиё мебошад.

Декабрь 12, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд