Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ иштирок намуд

Декабрь 5, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Вена дар ҳошияи ҷаласаи 32-юми Шурои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нахустин мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ (Исландия, Дания, Норвегия, Шветсия ва Финляндия) дар қолаби «С5+5» иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд