Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд

Декабрь 2, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бахшида ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон намоиши лоиҳаҳои барномаи инкубатсионии «WomenCup – 2025» доир гардид, ки занони соҳибкори тоҷик тавонистанд лоиҳаҳои худро муаррифӣ намоянд.

Тавре аз ин кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи ҳамоиш ба намоиш гузоштани молу маҳсулот ва хизматрасонии занони соҳибкори тоҷик, баланд бардоштани сатҳи огоҳии занону ҷавонони мамлакат оид ба ислоҳоти раванди фаъолияти соҳибкорӣ, муаррифии имконияти молиявӣ, ислоҳоти навин дар ин самт, муаррифии лоиҳаҳо ва нақшаҳои шарикони рушд ба занону духтарони соҳибкор, мубодилаи таҷриба байни занони соҳибкори мамлакат, ҷалби коршиносони сатҳи миллию байналмилалӣ дар самти рушди соҳибкорӣ байни занону ҷавонон, баланд бардоштани малакаи занон дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди «сабз» ва ҷалби доираи васеи занону духтарони минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки дастгирии занон, таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа, баланд бардоштани саводнокӣ, фароҳамсозии ҷойи нави кор ва рушди соҳибкории занон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошанд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорзанони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва ғайра фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ саҳм мегузоранд.

«Дар Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат лоиҳаҳои занони фаъол тавассути грантҳои президентӣ ва грантҳои шарикони рушд дастгирӣ ёфта, тавонистанд тиҷорати хурду миёна таъсис диҳанд. Инчунин барномаҳои давлатӣ барои баланд бардоштани нақши занон, омӯзиши касбӣ, рушди соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои рақамӣ имконияти нав фароҳам оварданд», – изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.

Барномаи «WomenCup-2025» раванд барои рушди иқтидор, ташаккули идеяҳои нав ва ба роҳ мондани шабакаҳои ҳамкорӣ байни занони соҳибкор мебошад.

Зимни ҳамоиш баён гардид, ки лоиҳаҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни WomenCup таҷассуми дониш, малака, ҷаҳонбинии пешрафта ва омодагии занони тоҷик ба рақобат дар бозорҳои муосир мебошанд. Ҳар лоиҳа метавонад дар рушди иқтисодии маҳал ва мамлакат саҳми назаррас гузорад.

Баргузории чунин чорабиниҳо оғози марҳилаи нави рушди соҳибкории занон буда, ба таҳкими нақши онҳо дар иқтисод ва болоравии сатҳи зиндагии оилаҳо мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»