Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Рибас масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки Федератсияи Русия яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, тақвият бахшидани робитаҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла ангур ба Русия ва дар ин замина тақвияти муносибатҳо байни ду давлат мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамсуҳбатон барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагии ҳамаҷониба намуданд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






