Сокини деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент бо истифода аз панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Деваштичи деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент Шоҳрух Бобоев бо истифодаи панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамояд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, соҳибкор Шоҳрух Бобоев дар фермаи шахсиаш беш аз сад сар гӯсфанд, ки аксараш зоти ҳисорӣ аст, парвариш намуда, дар оғози фасли зимистон ба онҳо хӯроки сабз медиҳад. Ӯ бо насби панели офтобӣ бо иқтидори 16 киловатт барои парвариши хӯроки сабз гармхона бунёд намудааст.
Дар гармхона дони ҷав ва дигар зироати донагиро тибқи технологияи махсус сабзонида, баъдан ба гӯсфандон медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон норасоии неруи барқ ба назар мерасад. Панелҳои офтобӣ — дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд. Имрӯзҳо ин панелҳо бештар маъмуланд, зеро манбаи тоза ва дастрас барои энергия мебошанд. Ба андешаи коршиносон, бо дастрас шудани таҷҳизоти офтобӣ зиндагии сокинони мамлакат беҳтар гардида, он дар 3-4 сол хароҷоташро мебарорад ва ба мардум ба муддати тӯлонӣ хизмат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






