Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд

Декабрь 29, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус тақсими шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллат  ба 21 ҳазору 549 оила дар 5 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳраки ноҳия тақсим карда мешавад.

Иқдоми навбатии  Сарвари давлат оид ба интишор ва ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим кардани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ идомаи ташаббусҳои дурбинонаю ватандӯстонае мебошад, ки на танҳо ба баланд бардоштани  эҳсоси ватандӯстии мардум, балки ба боло бурдани сатҳи маънавӣ ва ҷаҳонбинию дунёшиносии сокинони мамлакат нигаронида шудааст.

Соли 2026 дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир карда мешавад.

Ин озмун ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шуда, мақсади он аз таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон иборат аст.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
Дар Истаравшан тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Дар ноҳияи Деваштич тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид
Туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён тақдим карда шуд
Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид