Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар доираи ин иқдоми маънавию маърифатпарварона дар 7 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳраки ноҳия ба 27 824 оила нусхаҳои ин китоби таърихию адабӣ тақдим мегарданд.
Ин шоҳасар бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа тақсим карда мешавад.
Шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд ва бо теъдоди умумии 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Ин ташаббуси фарҳангпарварона дар баробари дигар иқдоми маънавии Сарвари давлат, аз ҷумла тақдими асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ба ҳар хонадон ба таҳкими ҳувияти миллӣ, болоравии маърифати фарҳангӣ ва бедории фикрии ҷомеа мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён








ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
Дар Истаравшан тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд






