Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид

Декабрь 17, 2025 09:24

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар шаҳри Душанбе «Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031» муаррифӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ Файзиддин Қаҳҳорзода саҳми Бонки ҷаҳониро дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок баланд арзёбӣ намуд.

Зимни муаррифии стратегия ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси ҷойи нави кор, рушди соҳаҳои энергетика, бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, ҳамчунин ба таҳкими сармояи инсонӣ (маориф ва тандурустӣ) таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ бо мақсади расидан ба ҳафадҳои гузошташуда изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон байни иштирокчиён оид ба мавзуи мавриди назар мубодилаи афкор доир шуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 17, 2025 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд