Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ баррасӣ шуд

Декабрь 24, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Муродалӣ Раҷабзода масоили тақвияти ҳамкории соҳавиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.

Ба тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар соҳаи амнияти миллӣ, хусусан афзоиши таҳдидҳои фаромарзӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ҷузъу прекурсорҳои онҳо, инчунин маводи мухаддир, ки аз минтақаҳои марзӣ ворид мегарданд, аҳамияти махсус дода шуд.

Масъалаҳо вобаста ба омода намудан ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсии ҳимояи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба усулҳои муосири ошкорсозӣ, шиносоӣ, вокуниш ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ядроӣ ва ҳолатҳои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани воситаҳои муосири техникӣ барои ошкорсозӣ ва мониторинги маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, аз ҷумла асбобҳои сайёрии назорати радиатсионӣ, муайянкунии маводи химиявӣ ва скрининги биологӣ, рушди равишҳои ҳамгироӣ барои ошкорсозии воситаҳои нашъадор ва пайвастагиҳои хатарноки химиявӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва минтақаҳои наздисарҳадӣ, такмили пойгоҳи таълимӣ-методӣ ва барномаҳои омӯзишӣ бо назардошти хусусияти сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баргузории машқҳои муштараки таълимӣ, машқҳои махсуси тактикӣ ва симулятсионӣ, ки ба баланд бардоштани омодагии амалиётии воҳидҳо нигаронида шудаанд, муҳокима шуд.

Омодагии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ барои расонидани кумаки ҳамаҷонибаи илмӣ-методӣ, экспертӣ ва таълимӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи даврҳои махсус, ҷалби коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин истифодаи таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва назорати сарҳад таъкид гардида, аҳамияти ҳамкории системавӣ ва институтсионалӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсӣ ва таҳкими устувории инфрасохтори сарҳадӣ нисбат ба таҳдидҳои муосир муҳим арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар фурсати наздиктарин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонанд, ки он барои ҳамкории дарозмуддат ва самарабахш замина фароҳам меорад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 24, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд