ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон мавқеи калидӣ касб намуд. Пешвои миллат бо таҳлили амиқи вазъи ҷаҳонӣ ва равандҳои муосир таъкид намуданд, ки бе рушди маориф расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ғайриимкон аст.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «маориф асоси пешрафти давлат ва сармояи боэътимоди миллат мебошад», ки ин суханон аҳаммияти ҳаётии соҳаи маорифро бозгӯӣ менамоянд.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки пешрафти ҳар давлат, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш, маърифат, фарҳанг ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонаш вобастагӣ дорад. Дар ҷаҳони муосир давлатҳое пешсафанд, ки ба сармояи инсонӣ, яъне ба тарбия ва таълими насли наврас таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина бо итминон иброз доштанд, ки «ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш ва маърифати насли ҷавон вобастагии мустақим дорад». Ин андеша далели равшани он аст, ки маориф на танҳо соҳаи иҷтимоӣ, балки соҳаи тақдирсоз барои таҳкими маънавиёти миллат ва дар ин замина таъмингари рушди давлат ба ҳисоб меравад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника ва рақобати шадиди байналмилалӣ танҳо он давлатҳо метавонанд мавқеи устувор дошта бошанд, ки низоми маорифи онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Пешвои миллат иброз намуданд, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи технологияҳои нав, саноатикунонии босуръат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бе мутахассисони баландихтисос ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот, навсозии барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар раванди таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи соҳаи маориф арзёбӣ гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳимми баррасишуда нақши омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Пешвои миллат омӯзгорро шахсияти калидӣ дар ташаккули инсон, ҷомеа ва давлат арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари ахлоқӣ ва маънавии насли наврас мебошад. Ба андешаи Сарвари давлат, «мақоми омӯзгор дар ҷомеа бояд ҳамеша баланд бошад, зеро маҳз онҳо ояндаи миллатро месозанд». Ин таъкид масъулияти бузурги омӯзгоронро дар назди ҷомеа боз ҳам равшан намуда, зарурати эҳтиром ва дастгирии онҳоро таъкид мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки давлат минбаъд низ барои баланд бардоштани маош, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фароҳам овардани имконияти касбӣ барои омӯзгорон тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро омӯзгори бо ғайрату соҳибтахассус метавонад насли босавод, худшинос ва ватандӯст тарбия намояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин масъалаи таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Пешвои миллат афзуданд, ки таҷҳизонидани синфхонаҳои мактабҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосири раванди таълим, озмоишгоҳҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва амалӣ намудани усулҳои таълими рақамӣ метавонад сифати таҳсилро ба сатҳи нав бардорад. Ба таъбири Сарвари давлат, «хароҷот барои соҳаи маориф хароҷот не, балки сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст», ки ин андеша аҳаммияти стратегӣ доштани ҳар маблағгузорӣ ба соҳаи маорифро тасдиқ менамояд.
Ҷавонон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди давлат муаррифӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҷавонони соҳибилм, бофарҳанг, дорои касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии муосир метавонанд рушди минбаъдаи мамлакатро таъмин намоянд. Дар ин замина таъкид гардид, ки вазифаи асосии низоми маориф на танҳо додани дониш, балки тарбияи шахсияти худшинос, ватандӯст, масъулиятшинос ва содиқ ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инчунин масъалаи пайваст намудани илму маориф бо иқтисоди миллӣ ва бозори меҳнат матраҳ гардид. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки муассисаҳои таълимӣ бояд мутахассисоне омода намоянд, ки ба талаботи воқеии иқтисоди мамлакат ҷавобгӯ бошанд. Ин раванд барои рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, сохтмон ва технологияҳои муосир аҳаммияти калон дорад.
Омода намудани мутахассисони рақобатпазир метавонад сатҳи бекориро коҳиш дода, рушди устувори иқтисодиро таъмин намояд. Пешвои миллат доир ба ин масъала чунин таъкид намуданд: «Мо бояд тамоми шароитро фароҳам оварем, то ҷавонони мамлакат соҳиби дониши муосир, тафаккури илмӣ ва касбу ҳунарҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ гарданд». Ин таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо, кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамоянд, ки барои амалӣ кардани дастурҳои Пешвои миллат дар самти тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ кӯшиши бештар намоем.
Ҳамчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки маориф бояд насли ҷавонро дар руҳияи эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ тарбия намояд. Танҳо дар ин ҳолат метавон ҷомеаи муттаҳид, босубот ва пешрафта бунёд кард.
Хулоса, метавон бо итминон гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маориф ҳамчун омили асосии рушди давлат, кафолати суботи ҷомеа ва заминаи боэътимоди ояндаи Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Иқтибосҳо ва андешаҳои Сарвари давлат собит месозанд, ки маориф дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дошта, рушди он вазифаи умумимиллӣ ва ҳар фарди масъулиятшиносу худогоҳ мебошад.
Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
АКС: АМИТ «Ховар»








Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
Дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 оғоз гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – таҷассумгари ойини давлатдорӣ ва мардумсолорӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон






