Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Конибодом тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба 61 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати санатории №40-и шаҳри Конибодом туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз шириниҳои гуногун, маҷмуи сару либос, пойафзол ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буданд, тақдим карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд.
Ҳамчунин барои тарбиятгирандагони ин муассиса дастархони идона ороста шуд. Зимни он хонандагон даъват шуданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайваста ба омӯзиш машғул шуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.
Тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз ин иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуд шуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Дар Мактаб-интернати санатории №40 кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Омӯзгорону парасторон иброз доштанд, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.
Иброз гардид, ки бо назардошти ин ҳама ғамхориҳо онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба раванди таълиму тарбия беҳбудӣ бахшида, фарзандони миллатро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба камол расонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом











Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






