Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик Акмал Убайдов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар айни замон дар шаҳри Дубай ҷараён дорад, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Акмал Убайдов дар вазни то 60 кг марҳилаи аввалро бо қарори доварон озод гузашта, дар даври дуюм намояндаи Англия Моҳаммад Меҳдӣ Саҳакро дар раунди сеюм ба тариқи нокаут мағлуб намуда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври ҳаштякниҳоӣ варзишгари тоҷик бар Ален Рустамовский аз Македония бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад. Ӯ дар даври чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Қазоқистон Серик Темиржанов рақобат намуда, боз ҳам бо қарори доварон (5:0) ғолиб омад ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Акмал Убайдов дар марҳилаи нимниҳоӣ аз намояндаи Русия Всеволод Шумков мағлуб гардида, соҳиби медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ ба маблағи 75 ҳазор доллари ИМА шуд.
Ҳамзамон муштзани ҷавони тоҷик Хусравхон Раҳимов (57 кг) дар марҳилаи нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон (5:0) бар Хуҷаназар Нортоҷиев аз Узбекистон пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Хусравхон Раҳимов аввалин муштзани тоҷик ба ҳисоб меравад, ки ба финали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни калонсолон роҳ меёбад.
АКС: ТВ «Варзиш»








Паралимпичиёни Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» 35 медал ба даст оварданд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид






