35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 43 иншооти гуногун ба истифода дода шуд

Январь 3, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди 340 биною иншооти соҳаҳои гуногун пешбинӣ гардида, бояд соли 2025   43 иншоот сохта мешуд. Дар 11 моҳи соли 2025 64 иншоот ба истифода дода шуд, ки нақшаи солона 149 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 19 муассисаи таълимӣ 129 синфхонаи иловагӣ бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон, сокинон ва сармояи хориҷӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

Инчунин дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021–2025» 4 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Обшорон, Ангурзор, Зарводӣ ва Ҳаёти Нав мавриди истифода қарор гирифт.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 3, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид