35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд

Январь 20, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо саҳми соҳибкорони ватанӣ якчанд корхонаи саноатӣ ва истеҳсолӣ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» корхонаи истеҳсоли равған бунёд мегардад. Сохтмони корхона бо сармояи ватанӣ идома дошта, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна равғани истеъмолиро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода супоридани корхона фаъолият дар се баст ба роҳ монда шуда, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ҳамчунин дар ноҳия аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коғази тоҷик»  корхонаи коркарди коғаз ба истифода мешавад. Корхона бо беҳтарин дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, баъди пурра ба истифода супоридани он 35–40 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд.

Ҳоло дар корхона санҷиши хатҳои технологӣ идома дошта, ашёи хом аз дохили мамлакат таъмин ва мавриди коркард қарор дода мешавад. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, тибқи фармоиш бо шаклу андозаҳои гуногун ва услуби зебо истеҳсол мегардад.

Дар ноҳия инчунин коргоҳи коркарди пӯсти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарми қалъа» сохта мешавад, ки иқдоми муҳими саноатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин корхона пӯсти чорвои аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ҷамъоваришуда коркард мегардад. Дар натиҷа чарми хушсифат истеҳсол карда мешавад. Баъди ба истифода супоридани корхона барои 50 нафар сокинон ҷойи кор муҳайё мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси виляти Суғд

Январь 20, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад