35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд

Январь 14, 2026 10:45

ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (соли 2026) дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи деҳаи Калфи сабади ноҳия  бо маблағи 3 миллион сомонӣ ва бо ҷалби соҳибкорону саҳми сокинони маҳал сохтмони майдони варзишӣ дар марҳилаи анҷом қарор дорад.

Иншоот  ба ифтихори ҷашни миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Ёвон хоҳад буд.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни суҳбат бо масъулин таъкид намуд, ки  барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар баробари ин, бо мақсади рушди футбол дар деҳа дастаҳои футболи кӯдакон ва наврасон таъсис дода шаванд.

Иброз шуд, ки татбиқи чунин ташаббусҳо дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим, фарогирии бештари ҷавонон ба варзиш ва рушду пешрафти соҳаи футбол дар ноҳия саҳми босазо мегузорад.

Инчунин даромадгоҳи деҳаи Калфи сабад таъмиру навсозӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон маъракаи кишти дастҷамъонаи картошка идома дорад.

Ин иқдом дар доираи тадбирҳои баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ба роҳ монда шуд.

Кишоварзон дар қитъаҳои ҷудошуда бо риояи қоидаҳои агротехникӣ тухмии картошка кишт намуда, ба истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба таҳкими иқтисоди маҳаллӣ, фаровонии маҳсулоти ғизоӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоид мекунанд.

Ҳамчунин дар ноҳия барои ободу зебо гардонидани муҳити зист ва татбиқи меъёрҳои шаҳрсозии муосир корҳои назаррас ба роҳ монда шудаанд. Ин тадбирҳо дар доираи сиёсати ободонӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба беҳтар намудани симои ноҳия ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон равона шудаанд.

Дар ин раванд тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳо, сабзкорӣ, шинонидани дарахту гулҳо, таъмиру навсозии роҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ёвон пайваста идома дошта, дар роҳи рушди босубот, муҳити солим ва шаҳрсозии муосир қадами устувор ба ҳисоб мераванд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Январь 14, 2026 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд