«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба хотири гиромидошти Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада таҳти унвони «Ҳафтранг ба хотираи устод» оғоз гардид. Намоиши то 20 феврали соли равон идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, дар намоишгоҳ асарҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин тасвирҳо мавзуъҳои миллӣ, табиат, инсон ва арзишҳои маънавӣ бо сабкҳои гуногуни ҳунарӣ инъикос ёфтаанд. Ин асарҳо нишон доданд, ки мактаби эҷодии устод Зуҳур Ҳабибуллоев имрӯз низ идома дорад ва дар осори насли ҷавон зинда аст.
Дар намоишгоҳ мусаввараҳои Зуҳур Ҳабибуллоев, аз қабили «Дидбонгоҳи сарҳадӣ. Рӯшон», «Баҳор», «Чилдара», «Ғарм-Сорбоғ», «Ҷазира», «Соҳили дарёи Ғориф», «Болооби дарёи Ромит. Сорбоғ», «Тобистон. Сари киштӣ», «Тирамоҳ», инчунин офаридаҳои рассомон Сабзалӣ Шариф – «Устод Зуҳур Ҳабибуллоев», «Хоҷа Насриддин», «Навои чӯпон», «Ман ба ту дунёро нишон медиҳам», асарҳои рассом Мизроб Холов – «Наво», «Дугонаҳо», мусаввараҳои Фаррух Неъматзода – «Ҳосили тирамоҳ», «Ситораҳои осмон» ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода таъкид намуд, ки Зуҳур Ҳабибуллоев яке аз поягузорони мактаби муосири рассомии тоҷик буда, саҳми ӯ дар тарбияи шогирдони зиёд ва рушди санъати миллӣ ниҳоят арзишманд аст.
Иштирокдорон аз Зуҳур Ҳабибуллоев ҳамчун шахсияти камназир ва рассоми соҳибмактаб ёдовар шуда, иброз доштанд, ки осори ӯ то имрӯз барои рассомони ҷавон намунаи баланди касбият ва тафаккури эҷодӣ мебошад.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






