Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, дар ин рӯзҳо дар ағбаҳои кӯҳӣ ва шоҳроҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ бориши бошиддати барф дар назар буда, тӯфони барф, тумани зич, яхбандӣ, бадшавии дурии биниш то 50 метр ва мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт пешгӯӣ мешавад. Агар ронадагон дар чунин рӯзҳо бо ҳолатҳои фавқулода дучор гарданд, бояд ба куҷо муроҷиат намоянд?
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 занг зананд. Инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар баробари намояндагони дигар вазорату идораҳо наҷотдиҳандагони Кумита низ фаъолият доранд.
Дар ин шоҳроҳ наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти кофтуковӣ ва наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои бартарафсозии тармафароӣ ва танбашавии мошинҳо кумак мерасонанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд. Инчунин пеш аз сафар мошинҳояшонро омода карда, ҳамеша бо худ асбобу таҷҳизоти зиддияхбандӣ дошта бошанд. Дар чунин рӯзҳо риояи фосилаи байни мошинҳо низ хеле муҳим аст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, дар ин рӯзҳо дар ағбаҳои кӯҳӣ ва шоҳроҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ бориши бошиддати барф дар назар буда, шамол бо суръати 15-20 ва дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон то 20-25 метр дар як сония мевазад.
Рӯзҳои 23-24 январ бориши барф қатъ гардида, ҳаво соф мешава. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои водигию доманакӯҳ шабона то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин рӯзҳо бо сабаби бориши барфи зиёд дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок (километрҳои 48-74, 80-81), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






