Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд

Январь 24, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ, ки 19-20 феврали соли 2026 дар пойтахти Ҳиндустон — Деҳлии Нав баргузор мегардад, иштирок намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи  саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқот  инчунин роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои  технология ва инноватсия муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо уҳдадории худро барои тақвияти ҳамкорӣ тавассути сармоягузорӣ, технологияҳои нав ва рушди иқтидор дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодию техникии Ҳиндустон тасдиқ намуданд.

 АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад