«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих «асри заррин»-и таърихи тоҷикон ном гузоштаанд. Масоили мухталифи марбут ба ин давра аз ҷониби донишмандон таҳқиқу баррасӣ шуда, дар ин замина осори пурарзише ҳам нашр карда шудааст. Масъалаҳои марбут ба ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён, аз ҷумла масоили марзӣ-маъмурӣ, ҳудуди вилоятҳо, тавсифи шаҳрҳо ва ниҳоят густариш ва коҳиши қаламрави давлати Сомониён дар асари муҳаққиқи ҷавон Некрӯз Сафарзода таҳти унвони «Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён» ба таври комил ва муназзам таҳқиқ шуда, муаллиф китобе дар шакли монография таҳия ва пешниҳоди алоқамандон кардааст.
— «Дар ҳамин хусус таҳқиқоти тақрибан чорсола доштем. Бештаре аз сарчашмаҳои муътабари таърихиро истифода кардем, ки то кунун баъзе ахбори онҳо дастрас набуд ё дар маҷмуъ худи инҳо дар фазои илмӣ маъмулу машҳур набуданд ё ба хотире, ки мавзуъ ниҳоят ҷузъӣ маҳсуб мешавад, дар таҳқиқоти васеи илмӣ истифода нашуда буд. Зимни ҷамъоварии маводи илмӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои таърихӣ бисёр манбаъҳои муътабар ва нодирро пайдо кардем, ки бо истифода аз ахбори онҳо ниҳояти кор таҳқиқоте ба анҷом расид ва харитаи комили давлати Сомониёнро тартиб додем. Дар ин харитаи нав тақрибан беш аз сӣ дарсади ҳудуди давлати Сомониён, ки дар қисмати ғарбӣ ва ҷанубтари мамлакат дар ихтиёри инҳо буд, дар харитаҳои қаблӣ тасвир нашуда буданд ё шояд берун аз қаламрави Сомониён нишон дода мешуданд ва мо дар ин харитаи нав ҳудуди комили давлати Сомониёнро бо такя ба маълумоти сарчашмаҳои боваринок, ки баъзеашон дар дарбори Сомониён таълиф ёфтаанд, харитаи нави давлати Сомониёнро таҳия карда, ба табъ расонидем»,- нигоштааст муҳаққиқи ҷавон Некрӯз Сафарзода.
Ҷолиби диққат ва камоли маърифат аст, ки муаллиф ҳамзамон бо истифода аз далелу маълумот ва маъхазҳои боарзише, ки то ба ҳол мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор нагирифтаанд, харитаи қаламрави давлати миллии тоҷикон — Сомониёнро ба таври мукаммал тартиб додааст. Харитаи мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар қатори дигар нигораҳои таърихӣ ҷой гирифта, дилхоҳ шахси фарҳангдӯсту миллатдӯст ё таърихнигору муҳаққиқ метавонад аз он истифода намояд.
«Қисматҳое, ки дар харитаҳои қаблӣ тасвир нашуда ё берун аз қаламрави Сомониён ишора мешуданд, қисмати Сиистон аст. Он дар Ҷануби давлати Сомониён ҷой дошт. Он ҳам пас аз таҳқиқ, баъди дастрас шудани ахбору сарчашмаҳо мушаххас гардид ва ба қаламрави давлати Сомониён ворид гардид,-менависад олими ҷавон. Дигар қисматҳо, асосан аз биёбони марказӣ, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ биёбони Хуросон ном гирифтааст, бисёре аз вилотяҳоеро, ки дар ғарби давлати Сомониён буданд, дар аксар асарҳои илмӣ ва таърихӣ ҳамин қаламрав ҳам дар дигар харитаҳо аз ҳудуди давлати Сомониён берун нишон дода шудааст. Аз маълумоти сарчашмаҳои муътабари таърихӣ, чуноне ки дар мавриди вилоятҳои ҷанубӣ қайд шудааст, бармеояд, ки ин қаламрав, яъне ҳудуди давлати Сомониён аз ағбае оғоз мешавад, ки дар минтақаи вилояти ҳамонвақтаи Ҷибол Ироқи Аҷам унвон дошт. Дар китоби муътабари «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ оварда шудааст, ки «Амир Исмоили Сомонӣ қаламрави давлаташро аз Ағбаи Урвон то ба марзҳои Синд ва Ҳинд густариш дод», -таъкид шудааст дар таҳқиқот.
Бояд таъкид кард, ки чунин иқдоми бузург ва кору пайкори назарраси илмӣ-таърихӣ дар роҳи барқарорсозии сулолаи бошаҳомати давлати Сомониён далели ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллии волост. Имрӯзҳо бархе забони тоҷикиро забони дарӣ низ мехонанд, ки ишора ба забони дарбории даврони Сомониён дорад.
Давлати Сомониён давраи тиллоии таърихи халқи тоҷик аст ва дар муддати кӯтоҳ ин хонадон, бахусус Исмоили Сомонӣ тавонист Хуросони бузургро муттаҳид созад, ба ташаккули давлати мутамарказ ва империяи бузург мусоидат намояд. Он маркази бисёр бузурги давлатдории мо ва ифтихори мост. Ва ба содагӣ ташхис додан мумкин аст, ки ин дар таърих, яъне, ташаккули давлати Сомониён пайдоиши он тасодуф нест, балки дар доираи қонунияти умумибашарӣ таъсис ёфтааст. Метавон пай бурд, ки хишти нахусти давлатдории Сомониёнро дар чоряки асри 9 Тоҳириён гузоштанд, сипас Саффориҳо ва дар ҳамин замина давлати Сомониён ташкил ёфт.
Хирадварзиҳои Исмоили Сомонӣ дар сояи адолаташ сабаб шуд, то дар бисёре аз шаҳрҳои фармонравоии ӯ, хосса дар Бухоро ниҳоди донишбунёде тарҳрезӣ гардад, ки бузургонеро, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Ибни Сино пайдо намояд. Онҳо талоши гаронарзише дар рушди дониш, фарҳанг ва ҳунари Машриқзамин кардаанд. Рӯдакиро Малик-уш-шуаро ва нахустин шоири бузурги даригӯй ва асосгузори шеъри порсӣ меноманд. Илова бар ин, ба бовари бархе аз шарқшиносон, чун таърихнигори амрикоӣ Ричард Фрай, Рӯдакӣ дар дигарнависии дабираи паҳлавӣ ба хати дарии тоҷикӣ нақши босазое доштааст. «Хизмати бузурги Сомониён аз он иборат аст, ки забони тоҷикиро ба забони илм, забони адабиёт, забони мусиқӣ, забони тоату ибодат, муоширати байналмилалӣ, дурусттараш забони қонунгузорӣ ва равобити байналмилалӣ табдил доданд. Дар ҳеҷ як марҳалаи таърихӣ ин падида ба амал наомада буд. Он коре, ки Сомониён дар ҳамин замина анҷом додаанд, давлатҳои баъдӣ- Қарахониён, Ғазнавиён, Салчуқиён, Аштархониён ва охирин хонадон- хонадони Манғит корномаи бузурги Сомониёнро — яъне ба забони илму маърифат, таъриху абадиёт ва мусиқӣ бадал кардани забони тоҷикиро аз саҳфаи таърих пок карда натавонистанд.
Имрӯзҳо дар паҳнои ҷуғрофиёи сарзамини модарии мо мардумон бо забонҳои гуногун сухан мегӯянд. Барои мо ширинтарин забон забони модарист. Ва ҳеҷ кас дар ҳеҷ ҷои таърих маҷоле надоштааст, ки онро аз мо биситонад. Аммо барои пайванд миёни ҳама ин фарҳангҳои ранг ба ранг, бузургоне, чун Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ забони дарии тоҷикиро баркашидаанд. Ҳарчанд ки ин ба маънои бартарии забони тоҷикӣ нисбат ба дигар забонҳо нест, балки ин забон чун пулест дар байни ҳама бошандагони ориёзамини куҳан, ки дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд. «Шоҳнома» гаронмоятарин нигориш ба забони форсии дарист. Он ганҷинаи бемонанд авҷи сароиш дар сурудҳоест, ки фарҳанг ва адаби ин сарзаминро бо вожаҳо ба намоиш кашидааст. Адаб, оини ростӣ, додгарӣ, меҳандӯстӣ, ҷавонмардӣ, диловарӣ ва умедворӣ мавзуъҳои бунёдии «Шоҳнома» шинохта мешаванд, ки Фирдавсӣ бо достонҳои ҳамосӣ ин пандҳоро ба мардум бозгӯйӣ кардааст. Абулқосим Фирдавсӣ танҳо 33 сол пас аз даргузашти Исмоили Сомонӣ, соли 940-и мелодӣ дар шаҳри Тӯс чашм ба олами ҳастӣ кушод. Аммо дар давраи зиндагии ӯ зерсохтҳои омӯзишӣ ва фарҳангии Сомониён сабаб шуданд, то истеъдоди дурахшони Фирдавсӣ шукуфо шавад ва асари безаволи «Шоҳнома» тавлид гардад. Давлати Сомониён дар таърихи мардуми ориёитабор, махсусан дар таърихи мардуми тоҷик нақши хеле муассир гузошт. Хизмати аз ҳама бузурги Сомониён дар таърихи халқи тоҷик он аст, ки асолати ориёӣ, асолати миллии қавмии мардуми ориёитаборро нигоҳ дошт. Он аз рӯи ҷуғрофиё ҳудуди хеле васеъ дошта, Мовароуннаҳру Хуросонро дар бар мегирифт. Албатта, дар бораи ҳаёту рӯзгори ҳар яке аз амирони Сомониён метавон ба таври муфассал нақл кард, аммо мо бештар ба фаъолияти Исмоили Сомонӣ иктифо мекунем, зеро ӯ воқеан ҳам ташкилкунандаи ҳамин давлат аст ва аз кадом самте, ки ба фаъолияти вай назар накунем, ӯ намунаи баланди давлатдориро таҷассум мекард. Ба хотире, ки Бухоро дар миёни Шоҳроҳи Абрешим қарор дошт, ҳамвора мизбони корвонҳои бозаргонӣ аз Шарқу Ғарб буд. Аз ин рӯ ин доду ситадҳо сарвати ҳангуфтеро ба шаҳр ворид мекарданд. Ҳамзамон оинҳои гуногуни мардуми шаҳр ва озодандешии давлати Сомониён шароит фароҳам сохта буд, то дар ин давра мусалмонон, зардуштиён, насрониён ва ҳиндуҳо ҳамагӣ озодона оинҳои худро ба ҷой оваранд. Қаблан дар аморати Аббосиён чунин набуд.
Ҳокимони аморати арабӣ ҳунарҳое, чун наққошӣ, пайкарасозӣ ва мусиқиро дар солҳои нахустини густариши ислом иҷозат намедоданд. Аммо, бо сабаби коҳиши сахтгириҳо мавриди рушди бархе аз ҳунарҳо фароҳам омад. Дар аҳди Сомониён нақшу нигори мардуми мо оҳиста-оҳиста дар тани зарфҳои сафолӣ пайдо шуд ва ҳунари сафолгарӣ умри дубора ёфт. Ҳунару фарҳанг дорои пайванди дуҷониба аст. Аз ин рӯ дар осори ҳунарии аҳди Сомониён унсурҳои ойини навин бо нақшмояҳои бумӣ омехта гашт. Дар пайи ковишҳои бостоншиносии бархе аз шаҳрҳои замони Сомониён теъдоди бисёре аз зарфҳои сафолӣ пайдо гардид, ки чунин осори арҷманд бо дасти ҳунармандони чирадаст бо нақш ё хушнависӣ зиннат ёфтааст. Исмоили Сомонӣ тавонист дар муборизаҳои дохилӣ мардуми ориёӣ ва кишвари бузурги Хуросонро муттаҳид созад ва давлати абарқудрат ва мутамаддинеро бо низоми хеле мукаммали идоракунӣ ташкил кунад. Ин шахсият ба талаби ҳамон айём мувофиқ омад. Дар ин ҷода басе корҳо анҷом дод. Беҳуда нест, ки маҳз ҳамин давра замони ташаккулёбии халқи тоҷик ва давраи рушди фарҳанг, илм ва маърифат маҳсуб мешавад.
Оромгоҳи Амир Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Бухоро аз андак биноҳои барҷомонда аз ин даврон шинохта мешавад. Хиштчинии ҳунармандонаи деворҳо бо улгуҳои печидаашон рухсори беҳамтои ин сохтмонро падид овардааст. Бисёре аз коршиносони ҳунари меъморӣ ин биноро осорхонаи ҳунари хиштнигорӣ мехонанд. Дар сохти гумбади оромгоҳ аз шеваи гумбазсозии давраи Ашкониён ва Сосониён илҳом гирифта шудааст. Пас аз даргузашти Амир Исмоил дар соли 907-и мелодӣ пайкари ӯро дар ин оромгоҳ ба хок супориданд. Ӯ шахсияти замон буд. Қобилияти волое дошт. Бисёр огоҳ ва бохабар аз гирудори замон буда, идораи давлатиро хуб ба роҳ монда буд. Ҳатто намунаи идоракунии давлат як дастоварди бузурги Шарқ ҳисоб меёфт. Пас аз давлати Сомониён давлатҳои дигари тоҷикӣ хеле зиёд буданд, вале, мутассифона, онҳо ҳудуди таърихии тоҷикнишинро муттаҳид карда натавонистанд, ҳарчанд ки арзи вуҷуд доштанд. Аммо, ҳамон асолате, ки Сомониён дошт, ҳамон забону фарҳанги бузурге, ки ҳамон давра ташаккул ёфт, ҳамон низоми идоракунии давлат, ки он замон назир надошт, муддати ҳазорсола миллати мо, халқи мо ва фарҳанги моро нигоҳ дошт. Хусусан яке аз равандҳое, ки дар ин давра рӯи кор омад, ин рушди муназзам ва бунёдии илм буд. Дар ин давра илм, адабиёт ва ҳунар ривоҷ ёфт.
Амир Исмоили Сомонӣ барои тамоми мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосае дорад. Чунончӣ, дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ва бештаре аз ноҳияҳои кишвар муҷассамаи Исмоили Сомонӣ барои бузургдошти ӯ бунёд ёфтааст.
Мо дар як замони мушкилу сарнавиштсози миллат муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро дар қалби пойтахти тоҷикон-шаҳри Душанбе ифтитоҳ кардем. Ин муҷассама албатта, ба хотири парастиши зоҳирии ниёгон не, балки барои тақвияти ҳофизаи таърихӣ, бузургдошт ва эҳтироми роҳкушои миллати тоҷик- Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, то ҳар сокини кишвар таърихи гузаштаи хешро дақиқ надонад ва аз шикасти давлату давлатдории ниёгон хулосаи дуруст набарорад, дар бунёди давлату давлатдории оянда низ ба комёбиҳо ноил намегардад. Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон- ворисони таърих ва фарҳанги Сомониёни бузург аст. Мо саъй хоҳем кард, ки ин умедгоҳ нуқтаи ҷазби меҳру муҳаббат ва орзую ормонҳои тамоми тоҷикони Осиёи Марказӣ ва кулли ҷаҳон гардад.
Бо ибораи хеле зебои Устод Лоиқ:
Халқи тоҷик дар Осиёи Миёна,
Гӯё танҳо буд,
Дар осиёби замона.
… Вале ана ҳамин забон, фарҳанг, ҳунари тамаддунсозӣ, фарҳангофарӣ ва идоракунии давлатдорӣ миллати моро, халқи моро ҳимоя кард, ҳифз кард ва намонд, ки аз байн равад.
Дар таърих хеле халқҳои зиёде ҳастанд, ки аз байн рафтанд. Дар ибтидои асри 20 нафаре навишта буд, ки «… агар он истилову ҷабр, он зулм, он чизе, ки ба сари мардуми тоҷик омад, хусусан аз ҳуҷуми мақдуниҳо, арабҳо, муғулҳо, қабилаҳои кӯчӣ, саҳроӣ- агар ҳамин зулм, ҳамин истило ва фишор ба сари халқи дигаре меомад, ҳоло аз арсаи таърих берун буд. Яъне, тоҷикон баръакс аз ҳар фурсат истифода бурда, рӯ ба ободкорӣ ва тамаддунофарӣ ниҳоданд».
Ҳазору сад сол қабл аз ин миллати шарафманди тоҷик таҳти раҳбарии абармарди одил Исмоили Сомонӣ ба шоҳроҳи эҳёи ҳайратовари миллӣ ва фарҳангӣ ворид шуд ва ба дастовардҳои оламшумул ва бебаҳои таърихӣ ноил гардид. Баъди ҳазору сад соли ин гардиши таърихӣ мо, тоҷикон, боз дар рӯ ба рӯйи дарёфти мақом ва ҷойгоҳи шоиста дар низоми навини ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтем. Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯйи замин, кишвари ганҷҳои нокушодаву табиати худодод ва макони кӯҳҳои сарбаланду чашмаҳои зулол аст. Дастаи кӯҳнавардони кишварҳои гуногун яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳонро дар қаторкӯҳҳои Помир фатҳ намуда, симои ҷовидонаи Исмоили Сомониро дар қуллаи кӯҳ зинда карданд ва қуллаи осмонгири сарзамини тоҷикон номи ин абармарди миллатро гирифт.
Ҳамин тавр, муҷассамаи шукӯҳманд ва қуллаи осмонгири Исмоили Сомонӣ чун рамзҳои давлату давлатдории тоҷикон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ то абад азизу муборак хоҳад монд. Ва асри XXI барои кулли тоҷикони олам асри кору пайкори фикрӣ, асри созандагию бунёдкорӣ ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави ҳаёт хоҳад буд.
Масрур МЕЛИКЗОДА,
рӯзноманигор








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд






