Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд

Январь 23, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар гардидааст.  Бахшида ба ин рӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш иброз шуд, ки кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд.

«Вазифаҳое, ки имрӯз ба зиммаи вазорат вогузор шудаанд, масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, татбиқи онҳо аз ҷумлаи омилҳои асосии таъсиррасон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад», – гуфта шуд дар ҳамоиш.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ аз пешрафт, созандагӣ, бунёдкорӣ, донишандӯзӣ, фарҳангпарварӣ ва ҳаёти осоишта муждаҳо доданд, ки ин аз даъват ба меҳнати ободкорона ва арҷгузорӣ ба ҳуввияти некуаҳволии иҷтимоӣ хабар медиҳад.

«Суханони Сарвари давлат тобиши руҳияи баланд, нияти нек, иродаи созанда, дасту дили пок ва умед ба фардои дурахшон дошта, ба мо неруи меҳнатқаринӣ ва осудахотирӣ мебахшанд. Бинобар ин бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ аз масъулияти аввалиндараҷаи вазорат буда, бояд зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирад», – баён намуд Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода.

Таъкид гардид, ки дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар амалӣ гардонидани тадбирҳои созанда дар самти таъмини шуғли устувор, рушди захираҳои инсонӣ, такмили низоми касбомӯзӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун дастури роҳнамо мунтазам пешбарӣ карда мешаванд.

Дар ҳамоиш як зумра кормандони соҳа барои хизматҳои арзанда ва муваффақияту комёбиҳои назаррас дар соҳаи ҳифзи меҳнат бо мукофотҳои соҳавии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд