Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи чорводорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд
ЛАХШ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 сокини деҳаи Сари Осиёби Ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш Балаҷон Ёқубов 15 ҳазор сомонӣ маблағи ҳаҷи умраашро дар сохтмони пули одаму чорвогузар ва сохтмони хонаи сарироҳӣ барои чорводорону сайёҳон сарф намуд. Ҳоло чорводорон зиёда аз ҳазор сар чорвои калони шохдор ва ду ҳазор моли майдаро беталаф аз рӯйи дарёи Пиёзӣ гузаронида, дар чарогоҳҳои сералаф мечаронанд.
Ёдовар мешавем, ки мавзеи Пиёзӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдату Наврӯзи ноҳияи Лахш ҷойгир аст. Ҳамасола ҳазорон сар чорвои калони шохдор, бузу гӯсфанд ва асп аз чарогоҳҳои ин мавзеъ истифода мебаранд. Мутаассифона, ҳар сол чорвои калони шохдор аз дарёи Пиёзӣ бо роҳҳои мушкилгузар мегузашт ва чорводорон даҳҳо сар чорвои худро аз даст медоданд. Инчунин дар роҳи асосии ин мавзеъ барои сайёҳони кӯҳгард ва даҳмардаҳо хонаҳои сарироҳӣ мавҷуд набуданд, ки сокинону сайёҳон аз ин ҳисоб азоб мекашиданд.
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ маблағи худ мушкилии даҳсолаи човодорону сокинони кӯҳгардро бартараф карда, аз худ номи нек боқӣ гузошт. Ин амали неки ӯ барои ҳамдеҳагон ва дигар сокинони мамлакат намуна барои ибрат аст.
Тибқи иттилои масъулини бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳияи Лахш, соли 2025 дар ноҳия 12 маросими чилу сол ба қайд гирифта шуд. Наздикони фавтидагон ин маросимро бе хӯрок гузаронида, бо маблағи он роҳҳои деҳаро сангфарш намуданд. Инчунин дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва дигар корҳои ободонӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






