БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд

Январь 12, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст.

Тавре муовини сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исломзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, Барнома аз 20 банд иборат буда, соли 2025 -19 банди он иҷро гардид.

«Аз ҷумла,  дар доираи Барнома соли 2025 аз ҷониби кумита ва зерсохторҳои он тавассути гардиши «хона ба хона» бо 3 миллиону 29 ҳазору 807 оила суҳбатҳои инфиродӣ, бо усули «маҳал ба маҳал» ва  «деҳа ба деҳа» 14  330 вохӯрӣ ва бо усули «мактаб ба мактаб» 5968 суҳбату корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотӣ анҷом дода шуданд», – иттилоъ дод масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки дар асоси банди 10 ва зербанди 2-и Нақшаи амали Барнома бо мақсади таъсиси гурӯҳҳои мақсаднок аз ҳисоби собиқадорон ва фаъолони ҷомеа, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар бунёди оила, эҳтироми калонсолон, интихоби тарзи дуруст ва солими ҳаёт, саҳмгузорӣ дар пешбурди оила, сарфаю сариштакорӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ, садоқату вафодорӣ ба оила ва Ватан, таҳкими пойдории бузургтарин дастовардҳои замони истиқлол, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотии корвони «Модарони ваҳдатсаро» баргузор карда шуд.

«Корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки аз ҳисоби занони арсаи сиёсат, ходимони намоёни давлатӣ, шоирон, собиқадорон ва фаъолзанон ташкил карда шуд, дар 48 ҷамоати деҳот, қисмҳои низомӣ ва корхонаҳои саноатӣ 65 вохӯрӣ ва бо усули «хона ба хона» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронид», – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки яке аз мақсадҳои асосии «Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон» баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад.

Ба иттилои Боғигул Исломзода, дар доираи ин Барнома соли равон низ озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, мониторинг ва арзёбии амалисозии барномаҳои соҳаи кор бо занон ва оила гузаронида мешаванд.

«Соли равон дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ва маърифатӣ баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ», «Фарзанд-боғи падару модар», «Хушдомани беҳтарин», «Ҳамсари беҳтарин», «Беҳтарин ҳунарманд» ва «Кадбонуи беҳтарин» ба нақша гирифта шудааст», – афзуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки ҳадафи баргузории ин озмунҳо аз баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн иборат мебошад.

Воқеан ҳам,  давлат ва ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғамхорӣ нисбат ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, дастгирии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, пиронсолӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббиро кафолат медиҳанд.

Қабул гардидани барномаю стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027» ва «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо дар мавриди пойдории оила таъкид менамоянд, ки падару модарон бояд дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва рушди оила масъулиятнок бошанд. Доир ба ин масъалаи муҳими зиндагӣ Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «бовар дорам, ки занони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд».

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади танзими муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои модару кӯдак ва дигар масъалаҳои вобаста ба оила то ин муддат дар мамлакат беш аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад