Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад

Январь 8, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки иттилои дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ буда, сиёсати пулию қарзиро амалӣ менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла додани қарзро анҷом намедиҳад. Қарзҳо танҳо тавассути бонкҳо ва ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шарту меъёрҳои худи онҳо пешниҳод мегарданд.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба хабару иттилооти носаҳеҳ бовар накарда, маълумоти расмиро танҳо аз манбаъҳои боэътимод дастрас намоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 8, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад