Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст

Январь 19, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шароити муосири рушди ҷомеа ва таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамчун омили калидии пойдории давлатдории миллӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Дар ин замина ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

— Мақсади асосии ин ташаббус эҳё ва ҳифзи хотираи таърихии миллат, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик, инчунин таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Маҷмааи пешниҳодгардида бояд ҳамчун маркази муосири фарҳангиву маърифатӣ хизмат намуда, таърихи қадимии давлатдории тоҷикон, марҳилаҳои асосии ташаккули миллат ва саҳми шахсиятҳои барҷастаи таърихиро бо усулҳои навин муаррифӣ намояд.

Ин иншоот метавонад барои баргузории чорабиниҳои илмӣ, конфронсҳо, намоишгоҳҳои доимӣ ва муваққатӣ, инчунин барномаҳои таълимӣ ва маърифатӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Бо ин роҳ маҷмаа ба минбари муҳими муаррифии арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат табдил хоҳад ёфт.

Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, ки имрӯз ҳамчун маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷумҳурӣ рушд меёбад, аҳамияти хос дорад. Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии пойтахт мусоидат намуда, ба нақши Душанбе ҳамчун маркази ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшидааст. Дар ин замина бунёди маҷмаа метавонад ба рамзи пайванди наслҳо, эҳтиром ба гузашта ва масъулият барои ояндаи давлату миллат табдил ёбад.

Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон яке аз марказҳои тамаддуни қадимии ориёӣ маҳсуб мешавад. Давлатҳои қадимаи Бохтар, Суғд ва Хоразм дар ташаккули фарҳанг, иқтисод ва муносибатҳои сиёсӣ нақши бузург бозидаанд. Ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили қалъаҳои бостонӣ  ва шахсиятҳои баруманди тоҷикон шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дорои фарҳанги пешрафта буданд. Эҳёи омӯзиш ва ҳифзи чунин мерос хотираи таърихии миллатро ғанӣ мегардонад. Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе аҳамияти бисёрҷониба дорад ва дар чанд самт нақши муҳим мебозад, ки инҳо ҳифз ва эҳёи мероси таърихӣ; тақвияти ҳувияти миллӣ; омӯзиш ва маърифат; тарбияи ватандӯстӣ, пайваст кардани гузашта, имрӯз ва фардо ва рушди фарҳанг ва сайёҳӣ мебошанд.

Ин маҷмаа ҳамчун макони гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии хотираи таърихии миллат, рӯйдодҳо, арҷгузорӣ ба шахсиятҳо ва фаромӯш нашудани сабақҳои гузашта бунёд мегардад.

Дар ин маҷмаа бо нишон додани роҳи пуршебу фарози таърих, ҷонфидоиҳо ва дастовардҳо ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ тақвият меёбад. Эҳёи хотираи таърихӣ ба ҷомеа кумак мекунад, ки аз таҷрибаи гузашта сабақ гирад ва барои оянда қарорҳои огоҳона қабул намуда, тавонад ба ҷалби сайёҳон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва рушди симои фарҳангии пойтахт мусоидат намояд.

Ин маҷмаа на танҳо ёдгории таърихӣ, балки абзори муҳим барои таҳкими ваҳдати миллӣ, маърифати ҷамъиятӣ ва рушди фарҳангии Тоҷикистон мебошад.

Таърих хотираи зиндаи миллат аст. Он на танҳо рӯйдодҳои гузашта, балки таҷриба, сабақ, фарҳанг, арзишҳо ва ҷаҳонбинии халқро дар бар мегирад. Ҳар миллате, ки ба таърихи худ арҷ мегузорад ва онро эҳё менамояд, метавонад роҳи дурусти ояндаро интихоб кунад. Аз ин ҷост, ки масъалаи эҳёи хотираи таърих дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Хотираи таърих маҷмуи донишҳо, тасаввурот ва арзёбиҳое мебошад, ки ҷомеа дар бораи гузаштаи худ дорад. Он тавассути осори хаттӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ, анъанаҳо, забон, адабиёт ва таълим насл ба насл интиқол меёбад. Агар ин хотира заиф ё таҳриф гардад, худшиносии миллӣ низ осеб мебинад.

Зарурати эҳёи хотираи таърихӣ дар он аст, ки давоми асрҳо бисёр миллатҳо бо сабабҳои гуногун — истилогарӣ, сиёсати бегона ё беэътиноӣ аз қисматҳои муҳими таърихи худ дур мондаанд. Эҳёи хотираи таърих барои барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа, пешгирӣ аз такрори хатоҳои гузашта нақши калидӣ мебозад.

Дар ҷомеаи муосир эҳёи хотираи таърихӣ бештар тавассути таҳқиқоти илмӣ, нашри китобҳо, бозёфти осори бостонӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ амалӣ мегардад. Ин раванд махсусан барои ҷавонон муҳим аст, зеро онҳо ояндасозони миллатанд. Ҷавоне, ки таърихи худро мешиносад, ба фарҳанг ва давлатдории худ эҳтиром мегузорад.

Эҳёи хотираи таърих заминаи худшиносӣ ва ифтихори миллиро фароҳам меорад. Миллате, ки қаҳрамонон, олимон, шоирон ва фарҳанги худро мешиносад, дар баробари дигар халқҳо бо эътимод ва сарбаландӣ ҳузур меёбад. Ин худшиносӣ ба суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Эҳёи хотираи таърих раванди пайваста буда, ҳаётан муҳим мебошад. Он гузашта, имрӯз ва ояндаро ба ҳам мепайвандад. Бо эҳёи таърих мо на танҳо хотираҳоро зинда мекунем, балки пояи устувори рушди миллат ва давлатро мегузорем. Ҳифз ва омӯзиши таърих вазифаи ҳар фарди огоҳ ва масъули ҷомеа мебошад.

Дар маҷмуъ, Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамчун иншооти муҳими давлатӣ ва фарҳангӣ дар роҳи таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносии ҷомеа ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос нақши муассир мегузорад.

Субҳиддин ЗИЁЕВ,
мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология

Январь 19, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ