Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад

Январь 17, 2026 08:39

ДУШАНБЕ, 17.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Данғара – Гулистон (50 километр) бомаром идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳи Данғара – Гулистон, ки солҳои 1930 сохта, солҳои 1970 таҷдид шудааст, аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дар бар мегирад.

Роҳи дуқатораи мавҷуда то чор қатор васеъ гардида, ба он пайраҳаи велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбон илова карда мешаванд. Дар шоҳроҳ равшанӣ беҳтар гашта, гузаргоҳҳои бехатар ва хуб аломатгузоришуда бунёд мегарданд. Дар канори роҳ ҳоҷатхонаҳо ва барои модарони дорои кӯдакони хурдсол хонаҳои ҷудогона месозанд.Чунин роҳҳо тибқи дастури Бонки осиёии рушд (БОР) ҷиҳати бунёди «роҳҳои сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 баён гардид, ки барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳоло бунёди 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

«Соли 2026 сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм 70 километр, Гулистон – Кӯлоб 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа 39 километр, Мурғоб – Кулма 67 километр, Балҷувон – Сари Хосор 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд», — иброз доштанд Сарвари давлат.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2026 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад