Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид

Январь 23, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандону омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он  иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Академияи идоракунии давлатӣ  хабар медиҳад.

Ноиби якуми ректори академия Фирдавс Одиназода иброз намуд, ки дар академия барои таъмини иҷрои бандҳои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ба тасвиб расида, корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Бахусус барои ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани шахсони мутасаддӣ оид ба таъмини иҷрои стратегия аз тарафи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда бо коррупсияи академия машғулияти такмили ихтисос ва тренингҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ёсуман Акрамзода доир ба ҷараёни иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ба роҳ мондани методологияи ошкор ва бартарафнамоии хавфҳои коррупсионӣ дар фаъолияти муассиса, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон дар самти поквиҷдонӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ таклифҳои  муфид пешниҳод намуд.

Иброз гардид, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар давлат монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон — нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меоранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ  таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти амалисозии сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия тақвият бахшида шуда, чунин суҳбату вохӯриҳо минбаъд низ баргузор карда мешаванд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд