Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардумаш сол ба сол таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб мекунад. Маҳз ҳамин имконият ва ҷолибият буд, ки 2 январи соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии нави Созмони байналмилалии «British Backpacker Society» оид ба имконоти сайёҳӣ ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои ҷаҳон дохил шуд.
– Таҷрибаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки аксар давлатҳои дар самти сайёҳӣ муваффақ тавонистаанд ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи муаррифии таъриху фарҳанг комёб гарданд. Дарвоқеъ, соҳаи сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳимми иқтисод маҳсуб шуда, ба туфайли рушди он метавон ташаккули маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои берунӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва дар маҷмуъ рушди иқтисоди ҷумҳуриро таъмин намуд.
Дар Тоҷикистон низ дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир бо амалӣ намудани барномаҳои зиёди давлатӣ, хусусан «Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои то соли 2030» дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омада, ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат афзоиш ёфт.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд соли охир дар соҳаи сайёҳӣ якчанд ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардид. Аз ҷумла, амалӣ намудани имтиёзҳои андозӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ, озод намудани воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз ва боҷи гумрукӣ, таъсиси телефони боварӣ барои сайёҳон ва сиёсати «осмони кушод» намунаҳои равшани чунин ислоҳот ва рушди соҳа мебошанд.
Ин ислоҳот барои рушди устувори соҳа, ҷалби сармоягузорӣ ва боло бурдани сифати хизматрасонӣ дар тамоми қаламрави мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар қатори 10 давлати ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани Тоҷикистон, дар сархати даҳгонаи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё дохил гаштани шоҳроҳи Помир, ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар ворид гардидани Тоҷикистон аз рӯи таъмини амнияти шабона, инчунин ба қатори 19 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ дохил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии мамлакат ва дар ин росто дар арсаи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намудани он мебошад.
Ҳамчунин соли 2025 тибқи гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажӯҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup», Тоҷикистон дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Ин нишони он аст, ки сайёҳони хориҷие, ки ба мамлакати мо меоянд, шабона низ озодона саёҳат карда метавонанд. Ин ташаббусҳо ва иқдоми пайвастаи роҳбарияти давлат боис гардиданд, ки амният ва суботи саросарӣ дар мамлакат таъмин шуда, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло равад.
Бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли охир аст, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон иқдоми самарабахш ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, барои ҷалби сармоя ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ беш аз 40 лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст, ки ба бунёди меҳмонхонаҳо, марказҳои табобативу солимгардонӣ, хизматрасонии муосир ва дигар зерсохторҳо равона гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи барнома ва стратегияҳои давлатӣ ҳамоишу форумҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мешаванд, ки яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақа мебошад. Таҷлил намудани ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, ки ба бренди миллӣ табдил гардидаанд, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон бештар ҷалб намудааст. Зеро дар ин ҷашнҳо шумораи зиёди ҷаҳонгардон иштирок намуда, бо имконоти соҳа шинос мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар чанд соли охир даҳҳо меҳмонхонаҳои 3, 4 ва 5-ситорадор, осоишгоҳҳо ва марказҳои муосири хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки ба талаботи замони муосир ҷавогӯ мебошанд. Беш аз 200 ширкати сайёҳӣ ва 360 субъекти хизматрасонии сайёҳие, ки имрӯз фаъолият мекунанд, ба ҷаҳонгардон тибқи талаботи байналмилаӣ хизмат мерасонанд. Дар ин замина кӯшиш карда мешавад, ки сифати хизматрасониҳо мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ нигоҳ дошта шавад.
Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, 30 фоизи савдои ҷаҳонӣ ба соҳаи сайёҳӣ рост омада, ҳаҷми даромад аз хизматрасониҳои сайёҳии байналмилалӣ ба 1,6 триллион доллари амрикоӣ расидааст.
Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати ин ва бо мақсади ҷалби сармоягузорон дар соҳаи сайёҳӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон шартнома ба имзо расонидааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






