Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои тақвият бахшидан ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва рушди илмҳои бунёдӣ машварати илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Дар машварат олимону устодони соҳаи математика аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, ходимони илмӣ ва докторантону магистрантон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Машварат ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ мусоидат намуд. Он барои иштирокчиён ба хотири шиносоӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ имконияти васеъ фароҳам овард.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






