Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд

Январь 23, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои тақвият бахшидан ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва рушди илмҳои бунёдӣ  машварати илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Дар машварат олимону устодони соҳаи математика аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, ходимони илмӣ ва докторантону магистрантон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Машварат ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ мусоидат намуд. Он барои иштирокчиён ба хотири шиносоӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ имконияти васеъ фароҳам овард.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 23, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд