Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Файзобод ва Варзоб баргузор гардид. Дар он масоили омодагӣ ба конфронси ҳисоботӣ-интихоботии шуроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ин шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Ҳамоиш дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш бо раванди ободонию созандагӣ дар маркази шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни тамошои осорхонаи таърихӣ бо таъриху фарҳанги ин шаҳри қадимӣ шинос гардиданд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






