Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад

Январь 16, 2026 09:52

ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ намояндагони Донишкадаи касбӣ-техникии саноати дифоии Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо раванди таълиму тарбия ва шароити донишомӯзӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо  масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисон, табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгоронро баррасӣ намуда, барои ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

Меҳмонон зимни шиносоӣ бо синфхонаю озмоишгоҳҳо, маркази технологияи рақамӣ ва устохонаҳои таълимии коллеҷ барои густариши ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъсиси маркази омӯзиши забони чинӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Январь 16, 2026 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад