Дар Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ дар шаҳри Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҷаласа таҳти раёсати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир шуда, дар кори он консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва дигар ҳамватанони муқим иштирок карданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ҳозирин маълумот дод.
Таъкид гардид, ки нақши аъзои Шуро, созмонҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии тоҷикистониён дар таҳкими ҳамкорӣ байни ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мусоидат ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, ҳамватанони бурунмарзӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои милливу давлатӣ, фарҳангию таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия зиёд аст.
Зимнан аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва ҳозирин даъват карда шуданд, ки фаъолияташонро дар минтақаҳои будубош тақвият дода, барои дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби ҳаёти тарзи солим ва дар руҳияи худшиносию меҳандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон кӯшиш намоянд.
Ҳамзамон роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват шуданд, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон фаъол бошанд.
Дар фарҷом фаъолони Шурои ҷамъиятии назди Сафорат бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






